16 ноябри 2019 дар ҷамоати Даштиҷуми ноҳияи Ш. Шоҳин омӯзиш оиди “Растаниҳои ёбоию ғизоии Тоҷикистон ва роҳҳои боғикунонии онҳо” гузаронида шуд. Дар маҷмуъ 25 нафар деҳқонони ҳавасманд, аз ҷумла 9 нафар зан аз деҳаҳои Даштиҷум дар омӯзиш ширкат карданд. 30 ноябри 2019 ҳам чунин омӯзиш дар деҳаи Ғеши ноҳияи Муъминобод баргузор гардид. Ҳамагӣ 26 деҳқонони ҳавасманд, аз ҷумла 11 зан дар омӯзиш аз деҳаҳои Ғеш, Чилдухтарон, Деҳлоло ва Лиҷаки боло иштирок намуданд. Дар омӯзиш масъалаҳо марбут ба аҳамияти иқтисодӣ, ғизоӣ ва шифобахшии растаниҳои ёбоию ғизоӣ, шумораи онҳо, маҳали нашъунамо, вазъи кунунӣ ва дигар масъалаҳои дахлдор оиди растаниҳои нодиру камёфти мамлакатҳои Осиё муҳокима гардиданд. Инчунин маълумот оиди сабабҳои аз байн рафтани растаниҳои номбурда ва таҷрибаҳо вобаста ба боғикунонии онҳо дар солҳои охир дар Боғи Ботанкии ш. Кӯлоб дода шуд.Сипас тарзи боғикунонии растаниҳои ёбоию ғизоӣ дар Боғи Ботаникии ш. Кӯлоб муфассал бо аёниятҳо фаҳмонида шуд. Презентатсия мавзуҳои интихоби замини мусоид барои боғикунонӣ, тайёр кардани замин, омода кардани тухмиҳо барои шинонидан, давраи шинонидан, руёнидан ва нигоҳубини тухмиҳо вобаста ба соли култиватсионӣ, қобилияти ҳосилдиҳии тухмиҳои шинонидашуда дар шароити боғӣ ва табииро дар бар мегирифт. Ҳар як сессияи омӯзиш дар гурӯҳҳои корӣ барои беҳтар фаҳмидани мавзӯи гузашта бо саволу ҷавоб анҷом ёфт.