ТҶ “Ганҷи табиат” дар якҷоягӣ бо Боғи Ботаникии ш. Кӯлоб рӯзҳои 22 ва 23 апрели 2020 дар Боғи Ботаники ш. Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Замин рӯзҳои Дарҳои Кушодро гузарониданд. Дар рӯзҳои дарҳои кушод талабагони мактабҳои ҳамагонии ш. Кӯлоб ва донишҷӯёни шуъбаи Биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба боғи Ботаникӣ ташриф оварданд. Директори Боғи Ботаникӣ –доктор Мариё Бобоев ташрифовардагонро оиди нақши боғи ботанкӣ, рисолат ва фаъолиятҳои он маълумот дод. Инчунин, вай намудҳои нодиру камёфти дар қитъаҳои намоишӣ шинондашударо ба ҳозирин шинос намуда, маълумоти заруриро оиди аҳамият ва ҳифзу нигоҳдории ин намудҳои ёбоӣ ва роҳҳои боғикунонии онҳо маълумот дод.  Директори ТҶ “Ганҷи Табиат” Ҷовидон Бобоев мухтарсар оиди лоиҳаҳои ҷорӣ маълумот дод.