Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огаҳии аҳолии зерҳадаф дар деҳот маводҳо ва брошюраҳои маълумотӣ нашр ва паҳн гардонида шуданд. Ин яке аз роҳҳои пурсамар барои фаро гирифтани шумораи бештари аҳолӣ ва паҳн кардани маълумот оиди аҳамият, нақши растаниҳо ва оқибатҳои истифодаи бесамари захираҳои табиӣ ба шумор меравад. Брошюраи маълумотӣ оиди растаниҳои ёбоӣ ва хусусиятҳои ғизоӣ ва шифобахшии онҳо аз ҷониби кормандони лоиҳа бо забони Тоҷикӣ таҳия гардида, 100 нусха байни иштирокчиёни омӯзиш ва аҳолии ҳавасманди зерҳадаф бо мақсади баланд гардонидани сатҳи огаҳии онҳо оиди аҳамият ва ҳифзу нигаҳдории растаниҳои ғизоӣ ва шифобахши ёбоӣ нашр ва паҳн карда шуд.