Барои ҳифзу нигоҳдории растаниҳои ёбоӣ пеш аз ҳама бояд бо маводҳои лозима таъмин бошем. Аз ин лиҳоз, тухмиҳои растаниҳои ғизоӣ ва табобатии ёбоӣ барои шинонидан дар қитъаҳои таҷрибавӣ ва наздиҳавлигӣ аз ҷониби кормандони лоиҳа ҷамъоварӣ карда шуданд. Дар моҳи августи 2019 тухмиҳои растаниҳои мазкур ҷамъоварӣ карда шуданд:

  • Пиёзи анзур
  • Пиёзи модел
  • Зира
  • Рошак
  • Чукрӣ
  • Шунук
    Як қисми тухмиҳои ҷамъовардашуда дар Боғи Ботаникии ш. Кӯлоб дар моҳи августи 2019 барои гузаронидани фенологияи растаниҳо шинонида шуданд. Тухмиҳо аввал дар қуттиҳо шинонида шуданд. Омӯзиши фенологӣ дар аввали баҳори 2020 баъди пайдо шудани майсаҳо оғоз гардида, сипас майсаҳо баъди калонтар шуданашон ба қитъаи таҷрибавӣ барои омӯзиши фенологии минбаъда кӯчонида мешаванд.
    Омӯзиши фенологии мазкур имкон медиҳад, ки раванди рушди растаниҳоро дар шароити боғ мушоҳида намоем ва барои боғикунонии самаранок талаботҳоро муайян намоем.